Дар Анқара 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия маросими бошукӯҳи расмӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиши мазкур беш аз 300 меҳмон аз сохторҳои гуногуни Туркия ва ҳайати дипломатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи Президент, Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумон, сафирони хориҷӣ, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, корхона ва ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва Ҷамъияти тоҷикони муқими Туркия иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар оғози чорабинӣ зикр намуд, ки «истиқлол бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад ва имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръат рушд намуда истодааст. Давоми 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат мо тавонистем заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати миллиамонро таъмин карда, обрӯ ва нуфузи байналмилалии онро афзун намуда, насли навро дар рӯҳияи ватандорӣ ва эҳтиром ба истиқлолу озодӣ тарбия намоем».
Муовини раиси Маҷлиси Бузурги Ҷумҳурии Туркия Ҷелал Адан миллати шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти миллӣ табрик намуда, гуфт, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст-Тоҷикистон ва Туркия рушду таҳким ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд.
Инчунин дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Четин Алӣ Дёнмез, муовини Вазири оила ва хизматрасонии иҷтимоӣ хонум Кубра Гуран Йигитбаши, Прокурори генералии Туркия Бекир Шаҳин иштирок намудаанд.
Ҳамин тариқ дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур “Меваҳои болаззати Тоҷикистон” ва тоблуву нигораҳои наққошони чирадасти тоҷик ҳамчун рамзи кишвари сарсабз ва мардумони бофарҳангу тамаддун ба намоиш гузошта шуданд.
Дар хатми ҳамоиш аҳли санъат ва ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лауреати озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ хонум Ноҳид Зайналпур, инчунин сарояндаи ҷавони тоҷик, Лауреати озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ, хатмкардаи Консерваторияи Милани Италия Шоҳрух Юнусов бо суруду таронаҳои ҷолиб, ки дар онҳо меҳри ватан ва ҳифзи арзишҳои ахлоқию инсонӣ ҷой дошт, табъи ҳозиринро шод намуданд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстию ҳусни тафоҳум доир гардид.
АКСҲО: ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






