Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Мурғоб дарвоза сохта шуд

Сентябрь 8, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон –ноҳияи Мурғоб соҳиби дарвоза гардид.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи  ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода, ки  дар мавриди татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ роҳбарии Комиссияи ҳукуматии ноҳияи Мурғобро ба уҳда дорад, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Мурғоб  Ҳусния Раҷабзода дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб дарвозаи ноҳия ва се синфхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва 14-ро, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.

Инчунин 55 номгӯй либоси мактабӣ ба хонандагони ниёзманд супорида шуд.

Дар даромадгоҳи дарвозаи ноҳияи Мурғоб, ки яке аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, муҷассамаҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз ҷумла бабри барфӣ гузошта шудаанд. Дарвозаи даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб ва синфхонаҳо бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмир ва бо тамоми ашёву лавозимоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин ба 55 нафар хонандагони ниёзманд либоси мактабӣ тақдим гардид. Ҳамзамон дар остонаи  ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Кунақурған бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Мурғоб бо ҷалби сокинони ҷамоат толори варзишӣ ба истифода дода шуд.

 Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Сентябрь 8, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд