Дар қасри Таврический ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ сурат гирифт

Сентябрь 10, 2021 10:59

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора  АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни он табрикоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба меҳмонон  муовини Дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ — намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода  қироат кард.

Дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ Дмитрий Кобитский зимни суханронии табрикии худ  ба фаъолияти намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва нишони фахрии АБ   ИДМ  «Барои хизматҳои шоён дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ» -ро ба намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ  ИДМ Бахтовар Сафарзода тақдим намуд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Назарӣ аз роҳи ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр сухан ронда, аҳамияти дастовардҳои онро, ки дар ниҳоят ба “истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои давлат ва ҷомеа» равона гардидааст, иброз намуд.

Губернатори Санкт -Петербург Александр Беглов ва Губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко низ ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сатҳи ҳамкории минтақавӣ изҳори минатдорӣ намуданд.

Ба муносибати санаи муҳим дар толори қасри Таврический аксҳои рассомони тоҷик, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ баргузор гардид.

Дар фарҷоми ҷашн консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор гардид.

АКС: МНМО ҶТ

 

Сентябрь 10, 2021 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд