Дар Душанбе доир ба дастрасӣ ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.21 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» доир ба дастрасӣ ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо ва истифодаи технологияҳои муосир барои табодули ҳуҷҷатҳои электронӣ дар самти содирот бо иштироки шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.
Дар ҷаласа директори Агентии содирот Шавкат Бобозода доир ба тартиб ва қоидаҳои бақайдгирии содироткунандагон дар Низоми содироткунандагони мазкур маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо – ин тартиби сертификати пайдоиши мол буда, мутобиқи принсипи худсертификатсияи субъектҳои содироткунанда ба роҳ монда мешавад.
«Тибқи талаботи Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP) содироткунандагон баҳри гирифтани имтиёзҳо бояд дар низоми мазкур ба қайд гирифта шаванд. Низоми мазкур ба содагардонии расмиёти савдо такон бахшида, ба кам кардани хароҷоти вақт ва маблағҳои вобастаи амалиёти содиротии субъектҳои содироткунанда мусоидат менамояд. Барои ҷорӣ намудани низоми мазкур Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба Низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз 27 августи соли 2020 муайян карда шуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида сертификати гузариш ба низоми мазкур 1 декабри соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ҷорӣ гардидани ин низом ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои амалиёти содиротӣ мусоидат намуда, барои дастрасӣ пайдо намудан ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо ва роҳ ёфтани субъектҳои соҳибкорӣ ба бозорҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо замина мегузорад»,-афзуд Шавкат Бобозода.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон пешбурди кори Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, содироткунандагон метавонанд аз имконияти низоми мазкур истифода намоянд.
Дар фарҷоми кори ҷаласа дар баробари масъалаи асосӣ дигар масъалаҳои содиротӣ бо соҳибкорон муҳокима шуда, барои ҳавасмандгардонии намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба як гурӯҳ содироткунандагони ватанӣ Шаҳодатномаи рақами мушаххаси содироткунанда дар доираи низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо супорида шуд.
АКС: Агентии содирот








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






