Дар Душанбе доир ба нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академия баргузор шуд.
Тавре аз Академияи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қабл аз шурӯи ҳамоиш иштирокдорон аз дастовардҳои ҷавонон, толори «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», толори «Маркази ҳамкории СҲШ» ва толори «ТИК» дар Академия дидан намуданд.
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконияти васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш аст.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли хеш зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфт, зеро такя бар неруи ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои аслии пешрафти ҷомеаҳост. Дар кору пайкори қишри аз ҳама нерумандтарини ҷомеа- ҷавонон тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад ва ин дигаргунӣ, хушбахтона, тавонист, ки дар пешрафт ва рушди ҷомеа заминаҳои хуби ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ ба бор оварад»,-гуфт Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни ҳамоиш.
Инчунин дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аз дастоварди ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, гуфт, ки бо баргузории мулоқотҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат бо ҷавонон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сиёсии ҷавонон дастовардҳои беназир, иқдомҳои нек ва созанда рӯи кор омаданд, ки дар идомаи татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва устуворгардонии ин соҳаи афзалиятноки Ҳукумати кишвар нақши муассир гузоштанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як гурӯҳ устодону кормандони фаъол Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Аксҳо аз Академияи идоракунии давлатӣ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






