Дар Душанбе фаъолияти ширкати «Шивер Интернешнл»-и фаронсавӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо роҳбари ширкати «Шивер Интернешнл» Винсент Пик баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон, имконияти густариши самтҳои фаъолият ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.
Бояд таъкин намуд, ки соли 2016 дар шаҳари Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин Маркази тиҷоратии «Душанбе мол»-ро ифтитоҳ намуд.
Ҳиссаи назарраси масоҳати Маркази тиҷоратӣ ба ташкили гипермаркети «Ашан» рост меояд. Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии «Шивер Интернейшнл» гипермаркети нахустини «Ашан»-ро дар Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «SchieverTadjikistan» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби ҶСП «Евразия», Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии «SchieverInternational» таъсис ёфт.
Мавриди зикр аст, ки ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо – гипермаркет дорад. Барои таъмини фаъолияти гипермаркети «Ашан» дар Маркази савдои Душанбе-мол то 400 ҷойи кории нав ва зиёда аз 70 ҷойи корӣ барои раёсати идоракунӣ ташкил карда шуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






