Дар Душанбе оид ба дастовард ва дурнамои Истиқлолияти Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд

Сентябрь 6, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 06.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон  (АМИТ) ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимони АМИТ ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ меҳмонон ва ишитирокчиёни симпозиумро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  намуда, зикр дошт, ки «давоми ин 30 сол Тоҷикистон тавонист худро ба ҷаҳониён шиносонад. Маҳз кӯшишҳои ватанпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар ин муддати кӯтоҳ як мулки ҷангзада ба яке аз ҷумҳуриҳои обод табдил ёфт».

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирокчиёни симпозиумро бо ҷашни дарпешистодаи Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, марҳилаҳои расидан ба ин неъматро шарҳ дод. Мавсуф гуфт, ки «истиқлолият барои мардуми тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст, аз ин рӯ пос доштану арҷ гузоштан ба он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ин мамлакат аст. Миллати тоҷик дар таърих бо фарҳанги волои худ шинохта шудааст ва дар якҷоягӣ бо Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин миллатро ояндаи аз ин ҳам дурахшонтар интизор аст».

Профессор Сайид Ҷалоли Бадахшонӣ (Англия) дар суханронии табрикӣ иброз намуд, ки «ман давоми ин 30 сол чандин бор ба ин кишвари биҳиштосо омадаам ва ҳар бор онро зеботару ободтар мебинам. Миллати тоҷик бо Пешвои хирадмандаш тавонист дар ин муддат роҳи садсолаи тараққиётро тай намояд».

Дар симпозиум меҳмонон аз Англия, Канада, Афғонистон, Осиёи Марказӣ иштирок намуда, ба унвони он аз 30 давлати дунё зиёда аз 110 маърӯзаи илмӣ расидааст.

 

Сентябрь 6, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд