Дар Душанбе оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ мулоқот доир гардид

Сентябрь 28, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ имрӯз мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо Ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезан Синаноғлу баргузор шуд, хабар доданд аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба АМИТ  «Ховар».

Дар мулоқот Муҳаммадсаид Файзуллозода изҳор намуд, ки шароити кунунии ҷаҳони муосир талаб менамояд, то ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар ин самт боз ҳам вусъат бахшида шавад.

Дар асоси пешниҳоди СММ ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2020 бо ҷалби шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо, олимону мутахассисон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ муколамаҳои Саммити низоми озуқаворӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии он, инчунин сохтани нақшаи амали низоми озуқаворӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила баргузор гардид, ки дар асоси он лоиҳаи «Барномаи миллии муассири низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» таҳия гардид.

Татбиқу амалигардии лоиҳаи барномаи мазкур дар заминаи  дастгирии шарикони рушд барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва иҷрои яке аз ҳадафҳои афзалиятноки  стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда хизмат намояд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Сентябрь 28, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид