Дар гузашти низомии Рашт ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок намуданд

Сентябрь 7, 2021 12:19

РАШТ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи дар ноҳияи Рашт қарор дошта, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ  доир гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамчунин дар ин гузашт техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ ва мошинҳои махсуси замонавӣ аз майдон гузаштанд.

Раиси ноҳияи Рашт  Раҳимҷон Муқимӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбариро бо ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда,  иброз дошт, ки “истиқлол барои мо мисли ҳар миллати озодаи ҷаҳон боарзиштарин ҷашн аст. Истиқлол аст, ки мо тавонистем бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари зебою пешрафта бунёд намуда, ба фарзандон мерос гузорем. Хушбахтона, имрӯзҳо  дар сарзамини тоҷикон  кабӯтари сулҳу озодӣ  дар ҳавои софу беғубор  пар меафшонад”.

Сардори нозироти андози ноҳияи Рашт Фаррух Идизода гуфт, ки «ҳар сокини кишвар  шоҳид аст, ки маҳз ба туфайли ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 сол  Тоҷикистону тоҷикистониён ба он комёбию дастовардҳо ноил гардидаанд, ки дар тӯли 70 соли барқарории ҳокимияти Шӯравӣ  соҳиб нашуда буданд. Бояд тазаккур дод, ки тоҷикон  бо талоши Пешвои муаззами миллат худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро хуб эҳсос намуданд. Маҳз Сарвари давлат тавонистанд дар қалби мардум  ғояҳои ватандӯстию ба қадри истиқлолу ваҳдат расиданро  ҷой намоянд».

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2021 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид