Дар Хатлон таҳти унвони «Даҳаи тантанаҳо» барномаҳои идонаи ҳизбиён баргузор мешаванд

Сентябрь 4, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 04.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо ташаббуси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба ифтихори  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Даҳаи тантанаҳо» барномаҳои идона ҷараён доранд.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти   КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чунин чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳоҷӣ Шариф» сурат гирифта, дар он маҳсули ҳунари аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба намоиш гузошта шуд.  Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.

Зимни баргузории маҳфил доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ҳифзу нигҳдории онҳо, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта  шуд.  Зикр гардид, ки  бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, эҳё ва  рушди ҳунарҳои мардумӣ 26 декабри соли 2018   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Хушбахтона, тайи ин се сол ҷиҳати рушду равнақи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ ва амалӣ карда шуданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ имконияти мусоид барои кулли ҳунармандон, хусусан занону бонувон фароҳам оварда шуд ва дар баробари корхонаҳои хурду бузурги ҳунармандӣ ҳамчунин навъҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ  дубора эҳё гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ҳунармандон ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маслиҳат дод, ки дар тарғиби маҳсули ҳунар аз саҳифаҳои интернетии ҳизбӣ, аз ҷумла гурӯҳи фейсбукии “Ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст,  истифода баранд.

Дар хотима чанд нафар фаъолони ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Сентябрь 4, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд