Дар Хуҷанд вобаста ба пешгирии болоравии нархи орд дар бозорҳои ҷумҳурӣ ҷаласа доир гардид

Сентябрь 28, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба пешгирии болоравии нархи орд дар бозорҳои ҷумҳурӣ имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи кории Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид  Муминзод ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо роҳбарият ва шахсони масъули корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд баргузор шуд, хабар доданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа Сардори Хадамот аз роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд даъват намуд, ки ба болоравии беасоси нарх роҳ надода, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти орд, ки ҳамчун маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба ҳисоб меравад, тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Новобаста аз он ки нархи орду гандум дар давлатҳои содиркунанда боло рафта бошад ҳам, аз соҳибкорон даъват гардид, ки барои дастрас намудани маҳсулоти мазкур бо нархҳои нисбатан арзон дар доираи имконият тадбир андешанд.

АКС: Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Сентябрь 28, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид