Дар Кӯлоб оид ба масъалаи иваз намудани шиносномаҳо ба намунаи соли 2014 мулоқот доир шуд

Сентябрь 26, 2021 09:02

КӮЛОБ, 26.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони шуъбачаи  шиносномавию  бақайдгирии қисми минтақавии  Раёсати ВКД  дар вилояти Хатлон  оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб- нозир оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон, майори милитсия  Зоиршо Сафарализода, нозири  раводид  ва бақайдгирии  шуъбачаи мазкур,  капитани милитсия  Рузмад Бобоев ва нозири калони ХШБ  ШВКД дар ноҳияи Темурмалик, майори милитсия Акобир Мирасозода  дар якчоягӣ бо раисони маҳалла, аҳли Ҷамоати  деҳоти ба номи  Саидмумин  Раҳимови  ноҳияи Темурмалик ҷиҳати  бурдани корҳои   фаҳмондадиҳию таблиғотӣ  оид ба амалӣ  намудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф  вобаста ба қонунигардонии  мақоми ҳуқуқии  шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони  бешаҳрвандие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», «Дар бораи  қоидаҳои  додани шиносномаи  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин  «Дар  бораи тартиб  ва талаботи пайвастшавӣ  ба шабакаи  алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» вохӯрӣ гузаронида шуд.

Тавре  сардори  шуъбачаи  шиносномавию  бақайдгирии  қисми минтақавии Раёсати ВКД  дар вилояти Хатлон  оид ба гурӯҳи  ноҳияҳои Кӯлоб,  подполковники  милитсия  Абдуғафор Фаттозода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  зимни  вохӯрӣ  ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки  шахсоне, ки  таҳти амали  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф  вобаста ба қонунигардонии  мақоми ҳуқуқии  шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони  бешаҳрвандие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд»  фаро гирифта мешаванд, метавонанд  ба хадамоти шиносномавию  бақайдгирии  ҳудуди шаҳру ноҳияҳо аз рӯи ҷои зист муроҷиат намоянд.

Инчунин аз ҳама шаҳрвандон, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилоти ҳудуди ноҳия хоҳиш карда шуд, ки рӯзҳои наздик  шиносномаи намунаи соли 1996 -ро  бо шиносномаи намунаи соли 2014 иваз намоянд.

Зикр шуд, ки аз ҷониби масъулини шуъбачаи  шиносномавию  бақайдгирии қисми минтақавии  РВКД  дар гурӯҳи  ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб то ин ҷониб 13083  нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 486  корманди муассисаҳо  бо шиносномаи намунаи соли 2014  таъмин карда шудаанд, ки 83%- ро дар бар мегирад.

АКСҲО:АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд