Дар Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи «Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими мубодила байни мақомоти қонунгузор, мусоидат ба ҳамкории парлумонию прагматикӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона» дар реҷаи фосилавӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар назди иштирокчиёни ин нишаст аз рӯи масъалаи рӯзнома муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иброз дошт, ки “баргузории нишасти имрӯза равиши нави консептуалӣ барои навсозии саҳми мақомоти қонунгузории кишварҳои минтақаи мо дар рушди ҳамкорӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад”.
Проблемаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷаи давлатӣ дорад ва қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз афзалияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати мазкур дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгӯиҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст. Самти асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор консепсияи рушди устувори инсонӣ мебошад. Бар асоси ин комилан решакан кардани камбизоатӣ, иваз кардани устувории нокофӣ ва пешбурди намунаҳои устувори истеъмол ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шароити ҳаётан муҳим барои рушди устувор мебошанд.
Қодири Қосим ҳамчунин таъкид намуд, ки “бо ноил шудан ба субот дар кишвар дар тӯли чанд соли охир, ки дар он муваффақияти назарраси иқтисодӣ ба даст омадаанд, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолии кишвар ҳамчун афзалияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бар асоси ин, дар ин масъала, мо ба ҳамкорӣ бо шарикон чӣ дар дохил ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя аҳамияти ҷиддӣ медиҳем”.
-Аз тарафи дигар, зарур аст, ки чолишҳо ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба назар гирифта шаванд. Ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ сабаби буҳрони амиқи иқтисодӣ буда, боиси харобшавии инфрасохтор ва бекорӣ мегарданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи ду соли охир давраи дардноки пандемияи коронавирусро аз сар мегузаронад. Он барои кишварҳои минтақаи мо аз нуқтаи назари якбора суст шудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, афзоиши камбизоатӣ, бекорӣ ва афзоиши таҳдид ба амнияти озуқаворӣ озмоиши ҷиддӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳо барои ҳамкории фаъол ва босамар, инчунин барои кумак ва дастгирии онҳо, дар мубориза бо пандемия изҳори сипос менамояд.
Буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки мустақилона мубориза бурдан бо равандҳои манфӣ, чолишҳои глобалӣ ва таҳдидҳо ба кишварҳо, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ниҳоят душвор аст.
-Тоҷикистон омода аст, ки бо давлатҳои ҳамсоя барои расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи рушд гузошташуда ҳамкорӣ кунад. Калиди муваффақияти умумии мо таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба беҳбуди зиндагии халқҳоямон ва таъмини амнияти кафолатноки онҳо нигаронида шудаанд, мебошад. Мо аз давлатҳои ҳамсоя — шарикони рушди худ даъват мекунем, ки оқибатҳои буҳрони иқтисодиро паси сар кунанд ва ба роҳи асосии рушди устувор, ба ҳамкории васеъ ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак ворид шаванд,-гуфт Қодири Қосим.
“Ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мо пешниҳод менамоем, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод менамояд, ки барои ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли иқтисоди рақамӣ, тадқиқоти технологӣ ва рушд, тиҷорати электронӣ, саноати муосири хизматрасонӣ, бизнес-инкубатсия ва ғайра мусоидат намояд.
Дар охир мехоҳам ҳамкасбони туркманамонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамкасбони чинии худро бо Рӯзи дарпешистодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик гуфта, ба онҳо бахту саодат орзу намоям.
Бори дигар мехоҳам ба ҷониби Чин барои ташкили мулоқоти имрӯза изҳори сипос намоям ва итминон дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим ба дастовардҳои зиёде ноил хоҳем шуд”,-гуфт дар фарҷом муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҳамоиши мазкур дар назди иштирокчиёни ҷаласа намояндагони парлумонҳои кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо баромад намуданд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин Насиба Содиқӣ, Рустам Латифзода ва Ғиёсиддин Шарифзода иштирок намуданд.
АКСҲО: МНМО ҶТ








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






