Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ паради ҳарбӣ баргузор гардид
ХОРУҒ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 5 ҳазор нафар ҳайати шахсии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар гузашти низомӣ муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат варзида, иштирокдорони гузашти низомиро ба муносибати ҷашни фархундаи миллӣ — 30-солагии истиқлоли комили Ватан шодбош гуфта, аз заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи мардум ибрози назар намуд.
Хурду бузурги ВМКБ субҳи содиқ бо рӯҳияи баланд ва ифтихори беандоза ба Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон бо баргузор намудани чорабинии тантанавӣ ва гузашти низомӣ аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ истиқбол намуданд.
Дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳифзи амнияти миллӣ, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории тоҷикон аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дошта, он аз ҳар хизматчии давлатӣ зиракии сиёсӣ талаб менамояд. Ин аст, ки дар гузашти ҳарбӣ дар баробари сарбозону афсарони шуҷои ватан ҳамзамон бонувоне, ки дар сохторҳои кудратӣ адои вазифа менамоянд, бо эҳсоси баланди ватандорӣ иштирок намуданд.
Вобаста ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон таъкид шуд, ки хифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳамияти махсус дорад. Ҳифзи сарҳади давлатӣ аз ҳар хизматчии давлатӣ, афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ, ки дар сарҳади давлатӣ қарор доранд, ҳушёриву зиракии доимӣ ва масъулияти баланду омодабошии ҳамешагӣ тақозо менамояд.
Чунин санҷиши омодабошӣ бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҷалби афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ баҳри иҷрои ин фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамзамон теъдоди зиёди ихтиёриён – ҷавонони баору номуси Бадахшон ва бонувону ҷавондухтарони вилоят бо дарки баланди ватандорӣ дар гузашти низомӣ ширкат намуданд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи вилоят, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ ва ихтиёриён сухан гуфта, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли иштирокдорони гузашти низомиро ба ифтихори 30-юмин солгарди ҷашни муқаддас- истиқлолияти саросарии мамлакат табрик намуд.
Раиси вилоят аз рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши миллӣ ёдоварӣ намуда, доир ба бунёду таҷҳизи биноҳои қисмҳои ҳарбӣ, пурра таъмин намудани онҳо бо мутахассисони варзидаи низомӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ изҳори назар намуд. Зикр гардид, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба таври комил муҷаҳҳазу мукаммал гардида, ба яке аз неруҳои тавоною муқтадир дар минтақа табдил ёфт.
Баъди суханронии раиси ВМКБ паради ҳарбии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардида, нахуст, гвардияи миллӣ, сохтори таркибии Кувваҳои мусаллаҳ, ки дар ҳифзи музаффарияти Истиқлоли давлатӣ аз худ корнамоиҳои зиёде нишон додаааст, гузашт. Инчунин дар гузашти низомӣ занону бонувоне, ки ҳаёти худро ба хизмат дар қисму воҳидҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшидаанд, аз маркази майдон гузаштанд. Паради ҳарбӣ бо гузашти техникаву механизмҳои муосири ҷангӣ ба поён расид.
Аксҳо: АМИТ «Ховар»










Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд






