Дар ноҳияи Лахш сели азими пиряхӣ маҷрои дарёи Сурхобро дигар кард
ДУШАНБЕ, 11.09.2021. /АМИТ “Ховар”/. 9 сентябр, аз соати 06:00 то соати 06:30 дар мавзеи Арчакаппаи деҳаи Сугади Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари гарм шудани ҳаво ва об шудани пиряхҳои атроф сатҳи оби рӯдхонаи Арчакаппа боло рафта, ба мисли сели харобкор маҷрои дарёи Сурхобро дар минтақа муддати 30 дақиқа баст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тағйир ёфтани маҷрои дарё сабаби шуста шудани 50-60 метр роҳ дар километри 250-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол шудааст. Ин ҳодиса сабаб шудааст, ки муддате ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода қатъ шавад.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада бо истифодаи 1 адад автопогрузчик ва 1 мошини КАМАЗ соати 20:00 роҳ пурра барқарор ва ҳаракати ҳама намуди нақлиёт таъмин гардид.
АКС: КҲФ ва МГ








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






