Дар ноҳияи Мастчоҳ 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 3 корхона: коргоҳи истеҳсоли макарон, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ «Диёр» мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Корхонаҳои мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муллонаврӯз Муллонаврӯзов бунёд гардида, дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешаванд.
Коргоҳи истеҳсоли макарон бо дастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда,дар он шаш коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ чор нафар ва дар коргоҳи дӯзандагӣ 14 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаташкили чунин коргоҳҳои хурди саноатиро барои рушди соҳаи саноат муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз ҳадафҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Бо чунин коргоҳҳои хурд метавон эҳтиёҷоти ноҳия ба маҳсулоти заруриро бароварда сохт. Ният аст, ки дар оянда доираи фаъолияти коргоҳҳо бояд васеъ карда шавад.
Дар ноҳияи Мастчоҳ тайи чанд соли охир ба ташкили корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.
АКСҲО аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






