Дар ноҳияи Ёвон қариб 200 нафар аз кумакҳои моддӣ бархурдор гардиданд

Сентябрь 30, 2021 10:42

ЁВОН, 30.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб  ба 200 нафар собиқадорони  ҷангу меҳнат кумакҳои моддӣ расонид. Аз ҷумла, ба 6 нафар куҳансолон дар манзилҳои истиқоматияшон туҳфаҳои молиявии ҳукумати ноҳия тақдим карда шуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ноҳияи Ёвон пирони рӯзгордидае зиёданд, ки кору пайкор, кӯшишу ғайрат ва рӯҳи шикастнопазири онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи зиндаи зиндагист. Месазад, ки ҳар рӯзу ҳар соат ба аёдату зиёрати ин қабил ашхоси рӯгордида ва пастию баландиҳоро санҷида рафта, аз онҳо дарси одамгарӣ, дардошноӣ, фидокорӣ ва ватандорӣ омӯзем.

Дар арафаи ин ҷашни таърихӣ муовини раиси ноҳияи Ёвон Гулрухсор Саидзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Қутбиддин Сафархолов ба аёдати собиқадорони сохторҳои гуногун Чила Воҳидов, Саттор Қодиров, Ҷурахон Фатҳуллоев, Аслонхон Раҳмонов, Тоҳир Кавраков ва Субҳон Нуров рафта, онҳоро бо ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои ҳукумати ноҳияро тақдим карданд.

Суҳбати ҳар кадоме аз ин собиқадорон моломол аз самимият, саршор аз панду насиҳат ва пур аз эҳсоси гарми ватандӯстию ватандорӣ буд. Ҳамаи онҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, аз сидқи дил дуои нек доданд, то сулҳу суботи ҷомеа бегазанду пойдор бимонад ва Тоҷикистони азиз ба қуллаҳои баланди тараққию таҷаллӣ бирасад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Сентябрь 30, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд