Дар оғози соли нави таҳсил ба ятимону маъюбони Шаҳринав либосҳои мактабӣ тақдим гардиданд

Сентябрь 1, 2021 15:37

ШАҲРИНАВ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар оғози соли нави таҳсил ба 58 нафар хонандагони ятиму маъюб либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим шуданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори минтавқавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дастгирии ятимону ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он кас барои дастгирии ин қишри ҷомеа ҳамеша ба мансабдорону соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар ин асос  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо саховатмандону эҳсонкорон ҳамкории зич ба роҳ монда, ниёзмандонро пайваста дастгирӣ менамояд.

Ба иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 15 бинои иловагии таълимӣ иборат аз 196 синфхонаи таълимӣ  ба истифода дода шудаанд, ки вобаста ба ин бунёдкорӣ  мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст бартараф гардидааст.

Ҳамаи биноҳои сохташуда бо кабинетҳои фаннӣ таъмин буда, онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.  Ҳамчунин барои рушди соҳаи варзиш 5 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

 

Сентябрь 1, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст