Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти осорхонаҳо ва дурнамои он баррасӣ гардид

Сентябрь 25, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 25.09.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ташкили осорхонаҳо — ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар робита ба ин, мо ҳамеша хоҳони ҳарчи бештари ҳамкорӣ ва расонидани кумакҳои илмӣ – методӣ ва мубодилаи таҷриба бо осорхонаҳои кишвар ҳастем. Бояд мо ҳама якҷо барои бартараф намудани мушкилиҳои соҳа кӯшиш намоем ва бештар дар иҷрои рисолати касбии худ — нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ саҳм гузорем. Чунин иброз намуд директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода 24 сентябр зимни баргузории ҳамоиши илмӣ–омӯзишии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти осорхонаҳо–мушкилот, рушд ва дурнамо» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади таҳлилу баррасии вазъи фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва ба талаботи замони муосири соҳаи осорхонашиносӣ мутобиқ сохтани онҳо баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар мавзӯъҳои зарурати ҷамъоварӣ ва ҳифзи ашёи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ дар осорхонаҳо, фаъолияти фондӣ ва хусусиятҳои мукаммалгардонии он, аҳамияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар фаъолияти осорхонаҳо ва нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар ҷараёни ҳамоиш якчанд пешниҳодҳоро доир ба пешрафти осорхонаҳо ва фаъолияти онҳо иро намуда, гуфт:

«Аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи имконияти мавҷуда кӯшиш менамояд, ки ба осорхонаҳои кишвар ҳамеша кумакҳои илмӣ – методӣ расонад ва мақолаҳои таҳиянамудаи кормандони осорхонаҳои кишварро дар шумораҳои ахбори Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон нашр намоем. Ҳамзамон мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳаммуаллифӣ буклету роҳнамо ва ҳар маводи чопие, ки марбути фаъолияти осорхонаҳои кишвар аст, аз ҳисоби Осорхонаи миллӣ маблағгузорӣ ва нашр намоем.

Ҳоло дар маҷмӯъ кормандони шуъбаи тармими Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯйи шаш самт: осори сафолӣ, фулузӣ, коғаз, чӯб, матоъ, инчунин санъати тасвирӣ ва амалӣ корҳои тармимгариро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода истодаанд. Дар ин самт низ мо метавонем кумакҳои худро ба осорхонаҳои кишвар расонем. Ҳар экспонати муҳими таърихӣ, ки ба тармиму таҳким ниёз дорад, метавонед ба таври расмӣ барои тармим ба мо муроҷиат намоед. Ҳамчунин осорхонаҳои қаламрави ҷумҳурӣ метавонанд ба таври ройгон дар фурсатҳои муносиб намоишҳои муваққатии ашёи таърихӣ, санъати тасвирии коллексияи осорхонаҳои худро дар пойтахти кишвар дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ташкил, ифтитоҳ ва манзури меҳмонони пойтахт гардонанд».

Дар фарҷоми ҳамоиш оид ба мушкилот, рушд ва дурнамои фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ миёни иштирокчиёни семинар муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.

АКС аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад