Дар Душанбе намоиши асарҳои кӯдакони кишварҳои узви СҲШ ифтитоҳ ёфт

Сентябрь 6, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 15 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Марҳабо ба 20-солагии СҲШ» намоиш доир мегардад, ки фарогири асарҳои кӯдакони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

6 сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоиши расмҳои кӯдакони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “Марҳабо ба 20-солагии СҲШ” бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе баргузор гардид.

Намоиши мазкур тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай бо ташаббуси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Котиботи СҲШ, ширкатҳои чинии “Shanghai Art Fair International Exhibition Co., Ltd”, “Yunnan SCO Culture and Sports Co.” ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ташкил гардид.

Дар маросими ифтитоҳ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва ба кишварҳои узв барои иштироки фаъол дар ин чорабинӣ изҳори сипос кард.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки халқҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро якчанд омилҳои объективӣ, ба монанди анъанаҳо, шабоҳати забонҳо ва фарҳангҳо, наздикии этномаданӣ, ҳамбастагии муштараки таърихӣ, анъанаҳои халқҳо дар Роҳи Бузурги Абрешим, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ муттаҳид намуда, ба рушди муваффақонаи муносибатҳои мутақобилан судманди фарҳангӣ заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Дар ин намоиши байналмилалӣ зиёда аз 200 адад расмҳои маҳсули дасти кӯдакони 8 кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай ба тамошо гузошта шудаанд.

Дар расмҳо кӯдакон дӯстию муҳаббат, сулҳу субот ва осмони софу беғубор дар ҳавзаи ин созмонро тасвир намудаанд, ки бинандаро ба ҷаҳони рангин, тахайюлоти бой ва орзуҳои кӯдакони ин кишварҳо ворид менамоянд.

Баргузор намудани чунин намоишу барномаҳои фарҳангӣ миёни кӯдакон ва ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай сабаби наздику мустаҳкам гардидани муносибатҳои фарҳангӣ гардида, барои боз ҳам беҳтар огоҳ шудан аз таъриху фарҳанги халқу миллатҳои ҳамдигар шароити мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, намоиши мазкур аз 6 то 15 сентябри 2021 идома ёфта, дар он зиёда аз 200 расми кӯдакон аз кишварҳои узви СҲШ дар мавзӯъҳои сулҳ, дӯстӣ, эҳтиром, иззату ҳурмат ва шавқу рағбати нек пешкаш мегардад.

АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд