Дар Самарқанд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид

Сентябрь 28, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20-27 сентябр  дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо натиҷаи корҳои саҳроиро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода намудани хати лоиҳавии демаркатсионӣ корҳоро идома медиҳанд.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мулоқот  дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 28, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид