Дар шаҳри Хуҷанд озмуни «Таомҳои миллӣ» баргузор шуд

Сентябрь 18, 2021 08:48

ДУШАНБЕ, 18.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Таомҳои миллӣ» баргузор гардид, ки дар он  таббохони шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар». Озмун аз рўйи ду номина: «Беҳтарин таоми миллӣ» ва «Беҳтарин ороиши дастархони идона» доир шуда, дар бахши «Беҳтарин таоми миллӣ» Фирдавс Дадобоев- намояндаи ошхонаи оилавии «Фарзона», Ойбек Шерхонов  аз ошхонаи «Насиба» ва Муслима Ғоибова аз маҳаллаи «Сирдарё» мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар номинаи «Дастархони идона» Яҳё Почоев аз қаҳвахонаи «Фирдавс», Малоҳат Содиқова аз маҳаллаи «Суғдиён» ва Муътабар Розиқова аз маҳаллаи «1 май» сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода бо ҷараёни баргузории озмун шинос шуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ, омода намудани духтарон ба маданияти оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо, эҳё ва рушди анъанаҳои ниёгон дар ҷодаи пухтани таомҳои миллӣ аз ҷониби таббохон ва иззату икроми меҳмондорӣ мебошад.

Ҳайати ҳакамони озмун зимни баҳодиҳӣ аз рӯйи нишондиҳанда ва меъёрҳои маҳорати омодакунии таомҳои миллӣ ва сифати он, сатҳ ва тарзи муаррифӣ намудани маҳсулоти омодашуда, ҳамзамон ба навоварӣ, сарфакорӣ ва ташаббускории иштирокдорон баҳо доданд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода Диплом ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамасола баргузор мегардад, ки ҳадафи он сарфакорона ва моҳиронаву ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо мебошад.

                                                                  АКС: аз МИҲД шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 18, 2021 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд