Дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» боғи «Темурмалик» таҷдид мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар якчанд иншоот шинос гардид, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилоят, аз ҷумла сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бинои Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо ва дар вақти муқарраргардида ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супориш дод.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» шинос шуд. Зикр шуд, ки дар ин иншоот, ки дорои 3 гектар аст, корҳои таҷдиду навсозӣ бо суръат ҷараён доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани боғи истироҳатӣ барои сокинону меҳмонони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Раиси вилоят ба масъулин ва сохтмончиён барои дар вақти муайяншуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ва бозсозии пурраи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” тавсияҳо дод.
Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ






