Дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» боғи «Темурмалик» таҷдид мегардад

Сентябрь 15, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар якчанд иншоот шинос гардид, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилоят, аз ҷумла сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бинои Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо ва дар вақти муқарраргардида ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супориш дод.

Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» шинос шуд. Зикр шуд, ки дар ин иншоот, ки дорои 3 гектар  аст, корҳои таҷдиду навсозӣ бо суръат ҷараён доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани боғи истироҳатӣ барои сокинону  меҳмонони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Раиси  вилоят ба масъулин ва сохтмончиён барои дар вақти муайяншуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ва бозсозии пурраи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” тавсияҳо дод.

    Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 15, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд