Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 50 ҳазор нафар дар паради ҳарбӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сурат гирифт, ки дар он ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қисмҳои ҳарбии гарнизони Хатлон ва захираҳои сафарбарӣ таҳти оҳанги оркестри нафасӣ ва бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон ворид гардиданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз ҳамчунин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ парадҳои ҳарбӣ доир шуданд, ки маҷмӯан шумораи онҳо зиёда аз 53 ҳазор нафарро ташкил дод.
Пас аз иҷрои Суруди миллӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи иштирокчиёни паради ҳарбиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллӣ ба неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфта, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин гардидааст.
«Ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватани маҳбуб, ҳифзу таъмини зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд. Вазъи мураккаби минтақа моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри ҳимояи истиқлолият, устувории иқтисодиёт, суботи сиёсӣ, низоми қонунияту давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат ҳамаҷониба омода бошем. Ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!»,-гуфт раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.
Зикр шуд, ки гузашти низомӣ дар фазои тантанавӣ сурат гирифта, бори дигар собит намуд, ки ҳар пораи хоки Тоҷикистони маҳбуб барои афсарону сарбозон, мардуми шарафманди диёр азизу муқаддас буда, на танҳо низомиён, балки ҳар фарди бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург меҳисобад.
АКСҲО аз шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон













Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






