Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 50 ҳазор нафар дар паради ҳарбӣ иштирок намуданд

Сентябрь 7, 2021 16:07

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сурат гирифт, ки дар он ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қисмҳои ҳарбии гарнизони Хатлон ва захираҳои сафарбарӣ таҳти оҳанги оркестри нафасӣ ва бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон ворид гардиданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз ҳамчунин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ парадҳои ҳарбӣ доир шуданд, ки маҷмӯан шумораи онҳо зиёда аз 53 ҳазор нафарро ташкил дод.

Пас аз иҷрои Суруди миллӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи иштирокчиёни паради ҳарбиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош гуфта, иброз дошт, ки  маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллӣ ба неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфта, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин гардидааст.

«Ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватани маҳбуб, ҳифзу таъмини зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд. Вазъи мураккаби минтақа моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри ҳимояи истиқлолият, устувории иқтисодиёт, суботи сиёсӣ, низоми қонунияту давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат ҳамаҷониба омода бошем. Ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!»,-гуфт раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.

Зикр шуд, ки гузашти низомӣ дар фазои тантанавӣ сурат гирифта, бори дигар собит намуд, ки ҳар пораи хоки Тоҷикистони маҳбуб барои афсарону сарбозон, мардуми шарафманди диёр азизу муқаддас буда, на танҳо низомиён, балки ҳар фарди бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург меҳисобад.

АКСҲО аз шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 7, 2021 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд