Дар Тоҷикистон сатҳи паҳншавии ВНМО бо роҳи гузариш аз модар ба кӯдак кам мегардад

Сентябрь 27, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ,  вазъи эпидемиологии сирояти ВНМО миёни кӯдакони аз модарони мубталои ВНМО таваллудшуда дар Тоҷикистон тадриҷан ба танзим даромада, сатҳи паҳншавӣ бо роҳи гузариш аз модар ба кӯдак сол ба сол кам шуда истодааст. Дар ин бора директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди   бемории ВНМО Рустам Нуров зимни ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба зикри Рустам Нуров, давоми 30 соли соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 7 барнома ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам қабул карда шуданд.

Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил  ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оид ба пешгирӣ ва мубориза бо эпидемияи ВНМО ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардида, яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯби расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ), пешгирии паҳншавии сироятпазирии ВНМО, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон шурӯъ аз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва тадбиқ мегарданд»,-иброз дошт мавсуф.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани дарёфту муайянсозии занони ҳомилаи аз ВНМО сироятёфта ва пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак аз соли 2008 инҷониб санадҳои клиникӣ мунтазам ба тасвиб мерасанд.

Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Сентябрь 27, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд