Дар Узбекистон 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони Узбекистон, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони расонаҳо ҷашн гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози истиқлол сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таъкид намуд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Мусаев Беҳзод иштирок намуда, зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлол табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ташкил шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, намунаи либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд






