Дар Узбекистон 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Сентябрь 8, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони Узбекистон, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони расонаҳо ҷашн гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон  Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози истиқлол сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таъкид намуд.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Мусаев Беҳзод иштирок намуда, зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлол табрику таҳният гуфт.

Ҳамчунин  гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ташкил шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, намунаи либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 8, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст