Дар Узбекистон Фестивал-озмуни байналмилалии ҳунармандони навъи достонсароӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба ҳифзи мероси фарҳангӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 21 сентябр дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон Фестивал–озмуни байналмилалии ҳунармандони навъи достонсароӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба ҳифзи мероси фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар Фестивал–озмуни байналмилалӣ намояндагони зиёда аз 20 кишвари олам ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷониби Вазорати маданияти Узбекистон аз ҷумҳурии мо ба фестивал достонсарои маъруф Муқим Камолов аз ноҳияи Рашт даъват гардидааст, ки ба ҳакамону меҳмонони фестивал намунаҳои қадими достонҳои гуруғлиро пешниҳод мекунад. Ин ҳунарманди тоҷик намояндаи мактаби достонсароии устоди зиндаёд Ҳикмат Ризо маҳсуб шуда, умед аст, ки дар озмуни мазкур услуби хоси тоҷикии ҳамосаро бо ҳунари баланд намоиш диҳад.
Ба ҳайати ҳакамони байналмилалӣ намояндаи Тоҷикистон – доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ низ шомил аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






