Дар вилояти Хатлон 1360 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд

Сентябрь 1, 2021 16:33

ДУШАНБЕ, 01.09.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар соли нави таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон 50 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ бо фарогирии 90 ҳазор нафар донишҷӯёну   хонандагони  касбомӯз ва дар 1360 адад муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ 800 ҳазор нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд, ки  ба  онҳо  зиёда аз  50  ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дарс хоҳанд гуфт, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Дар назар аст, ки дар соли таҳсили имсола теъдоди наврасони  синфи 1 зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил диҳад.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон чун анъана бо сурудани Суруди миллӣ ва тамошои дастҷамъонаи суханронии Сарвари давлат аз ҷониби хонандагону омӯзгорон оғоз гардид.

Дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкамкунии заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят 722 адад иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 73 адад муассисаи томактабӣ ва 649 адад мактаби нав, бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2021 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад