Дастаи футболи шаҳри Бохтар дар ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ сазовори ҷойи якум ва Ҷоми ҲХДТ гардид

Сентябрь 29, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 29.09.2021. /АМИТ «Ховар»/.  29 сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар   даври навбатии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ  миёни шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар сурат гирифт.   Дар натиҷаи мусобиқа  дастаи футболбозони шаҳри Бохтар ҷойи якум, ноҳияи Ёвон ҷойи дуюм ва шаҳри Левакант ҷойи сеюмро ишғол карда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати  таҳким бахшидан ба  тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон мусоидат мекунад.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қиёмиддин Миралиён  иброз дошт, ки «бозии футбол бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ гардида,  ҳадафи он ривоҷ додани футбол дар сатҳи маҳал ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин чорабинии мазкур бо ҳадафи мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021» ва «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар сатҳи деҳоту маҳаллаҳои мамлакат барои солҳои 2021-2024» роҳандозӣ гардидааст».

Иштирокчии футбол аз шаҳри Левакант Муродалӣ Зубайдов, ки ҷойи сеюмро ба даст овардааст, мегӯяд, ки бо омодагии хуб дар даври вилоятӣ иштирок дошт ва хурсанд аст, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ташкили чунин чорабиниҳои варзишӣ барои ҷавонону наврасон аз манфиат дур нест, зеро ба солимии онҳо мусоидат мекунанд.

“Бояд ҳамин гуна бозиҳои варзишӣ зиёд гузаронида  шаванд, зеро ҷавонон машғули бозӣ шуда, ба корҳои беҳуда даст намезананд. Хушбахтона, имрӯзҳо қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, хусусан  дар деҳотҷойҳо майдончаҳои варзишӣ сохта шудааанд ва  қишрҳои гуногун, махсусан наврасону ҷавонон аз онҳо истифода мебаранд”, – иброз дошт Зубайдов.

Дар мусобиқа ба дастаи футболи шаҳри Бохтар, ки ҷойи аввалро ишғол кард,   Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуда, ба дастаҳои футболбозони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Левакант, ки ҷойи дуюм ва сеюмро ба даст оварданд, медал ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои футболи  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷараён дорад.

АКС аз ҲХДТ

Сентябрь 29, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд