Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия нусхаи эътимоднома супорид

Сентябрь 8, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Ҳамсуҳбатон  масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи  Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо, аз ҷумла перомуни масъалаи  омодагӣ  ба  сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи  дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД  дар Душанбе табодули афкор намуданд.

Тарафҳо роҷеъ ба  масъалаҳои муҳими  минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ибрози назар карданд.

Андрей Руденко  дар фаъолияти минбаъдаи  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сифати роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия   муваффақиятҳо орзу намуд.

АКСҲО аз Сафорати ҶТ дар ФР

Сентябрь 8, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд