Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон ба ҳамкории судманд тақвият мебахшанд

Сентябрь 16, 2021 16:53

ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Покистон  ба 25,8  миллион доллари амрикоӣ  расид, ки 54,1 фоизи гардиши  тарафайни  мол дар соли 2019-ро ташкил медиҳад. Чунин зикр шуд дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи  Форуми соҳибкории  Тоҷикистон ва Покистон  тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду кишвар  дар соҳаҳои гуногун буда,  дар он 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон ҳузур доштанд.

Зикр шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон  бо азму талошҳои Сарони ҳар ду кишвар  зарфи солҳои охир беш аз пеш тақвият меёбад. Дар ин замина зимни сафарҳои сатҳи олӣ  пайваста ҳамкории гуногунҷанбаи  Тоҷикистону Покистон  ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории Форуми соҳибкорӣ бо иштироки  доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат дар шаҳри Душанбе мисоли барҷастаи гуфтаҳост ва он  ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани  иқтидори содиротӣ, ҷалби сармояву  воридоти технологияҳои   муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию  сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар  Форуми соҳибкории Тоҷикистону  Покистон  фазо ва имконияти  сармоягузории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои сайру саёҳат, саноат, энергетика, бонкдорӣ, хизматрасонӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, фармасевтика, нассоҷӣ ва соири  бахшҳо муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон  дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон  мулоқоти байни субъектҳои  бахши хусусию давлатии ҳарду кишвар санадҳои ҳамкорӣ  ба имзо расонида шуд. Инчунин дар чаҳорчӯби Форуми  соҳибкории  Тоҷикистону Покистон ҷаласаи Шӯрои муштараки  соҳибкории Тоҷикистону Покистон  ва вохӯрии дуҷонибаи  соҳибкорони ҳарду кишвар дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В)  доир  гардид, ки аз натиҷаи он якчанд санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон ба имзо расонида шуданд.

Иштирокчиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон  ба рушди муносибатҳои  дуҷонибаи  судманд ва баимзорасонии санадҳои  ҳамкорӣ, ки фарогири  тамоми бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ мебошанд, баҳои баланд  доданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкориро  мунтазам доир намоянд.

                                                   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2021 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд