Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Душанбе таҳти унвони “Дурнамои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар шароити нав” Форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар форум раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисодии Русия, Сафорати Русия дар Тоҷикистон, палатаҳои минтақавии тиҷорат ва саноати Русия ва ширкатҳои пешбари тоҷик иштирок мекунанд.
Кори форум ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд, табодули таҷриба, афзоиши содироти молу хизматрасонҳои ду кишвар равона хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки имрӯз Федератсияи Русия миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад.








ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






