Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ мекунанд

Сентябрь 14, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Душанбе таҳти унвони “Дурнамои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар шароити нав” Форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар форум раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисодии Русия, Сафорати Русия дар Тоҷикистон, палатаҳои минтақавии тиҷорат ва саноати Русия ва ширкатҳои пешбари тоҷик иштирок мекунанд.

Кори форум ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд, табодули таҷриба, афзоиши содироти молу хизматрасонҳои ду кишвар равона хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки имрӯз Федератсияи Русия миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад.

Сентябрь 14, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Хатлон вохӯрӣ доир шуд
Тоҷикистон барои таъсиси паркҳои технологии муштарак бо ниҳодҳои СММ ва шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд
Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон меояд
Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад
Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид