Ду хонандаи Душанбе дар озмуни байналмилалии навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» сазовори ҷой дуюм шуданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ду хонандаи синфи 5 Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи №3» ба номи А. С. Ленскийи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова ва Гулнора Низомова дар озмуни байналмилалии навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон тариқи онлайн иштирок намуда, миёни 35 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори Мактаби мусиқии бачагонаи №3 Абудсалим Акрамов.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, хонандагони муассиса бо роҳбарии омӯзгор, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Қосимова навозиши худро сабт ва манзури аъзои ҳакамон намуданд.
Аз ҷониби Вазорати ҷавонон, варзиш, фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Муаттар Маликова бо диплом ва Гулнора Низомова бо Серфитикат қадрдонӣ гардиданд.
АКС аз Мактаби мусиқии бачагонаи №3 шаҳри Душанбе








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






