Душанбе мизбони ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай гардидааст

Сентябрь 16, 2021 15:28

ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи бонкӣ  бо иштироки  намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/  дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, ки имрӯз дар Душанбе доир шуд, баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад  хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҷаласа.

Дар ҷаласаи  Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид,  Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Хоким Холиқзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ сухан намуда, нақши Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ –ро дар таҳкими ҳамкории байнибонкӣ  муассир арзёбӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласа котиботи генералии СҲШ, роҳбарони ширкатҳои молиявию инфрасохтории Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Чин ва Ҳабиб Бонк Лимитеди Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд «ВЭБ Русия,

Бонки рушди Қазоқистон, «РСК Банк»-и Қирғизистон ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Узбекистон» қисман дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва маъруза намуданд.

Соли 2021 дар баробари роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  ҳамчун бонки аъзо дар Иттиҳоди байнибонкӣ раисӣ менамояд.

Дар ҷаласаи  Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ  масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, тақвияти ҳамкорӣ бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд, Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии /ИББ/ СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026, ҳамкории сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон баррасӣ гардида, пешниҳодҳои судманд ироа шуданд.

Инчунин иштирокдорони ҷаласа тариқи овоздиҳӣ  бонки раисикунандаро дар ИББ СҲШ барои солҳои 2021-2022 интихоб намуданд. Ҳамзамон бо дастгирии тамоми бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои чор соли минбаъда қабул гардид.

                                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз  БДА «Амонатбонк» ва БМТ

Сентябрь 16, 2021 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд