Душанбе ва Берлин ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон (Ost-Ausschuss der Deutschen Wirtschaft) ҳамоиши фосилавӣ миёни блоки иқтисодии Тоҷикистон ва доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Олмон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муовини якуми Сарвазари Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни муаррифии зарфияти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузории кишвар бо ишора ба абзорҳои анъанавии мавҷуда аз соҳибкорони олмонӣ даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар фаъолона ширкат варзанд.
Ҳамзамон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намояндагони зиёда аз 50 ширкати мухталифи олмонӣ дар ҳамоиш иштирок карда, баъд аз анҷоми қисми расмии он бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.
Пешниҳод гардид, ки чунин ҳамоишҳо дар оянда миёни бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ баргузор карда шаванд. Доираҳои иқтисодӣ-соҳибкории Олмон ҷиҳати соли оянда дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳамоиши иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






