Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имконотро истифода менамояд»

Сентябрь 7, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ба талаботи рӯз ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо ин мақсад аз тамоми захираву имконият истифода мекунад.

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар паради ҳарбӣ, ки имрӯз ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт доир гардид, зикр намуданд.

Пешвои миллат дар назди ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, ки муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот мебошанд, таъкид намуданд, ки дар ин раванд боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ  аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки мо ба ҳалли онҳо эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳем.

Сарвари давлат афзуданд, ки вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон вобаста ба вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми мо гардидааст. Тибқи таҳлилу пешгӯиҳо, чунин вазъият дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома пайдо мекунад ва ҳатто шиддати бештар касб менамояд. Дар чунин шароит роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, таъкид намуданд Пешвои миллат.

«Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои мо минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ, давлат, Ватан ва миллат содиқ монда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда, яъне ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон, истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии орому осудаи халқи Тоҷикистонро бо сарбаландӣ, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд»,- изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Сентябрь 7, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд