Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикон дар тӯли таърихи беш аз 6000-солаи худ миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ Ховар»/. Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим, яъне дар тӯли таърихи беш аз 6000 – солаи худ соҳиби саводу дониш, девону дафтар, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд.
Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт зикр намуданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мазкур таъкид намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон мо тайи сӣ сол даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор намудем.
Сарвари давлат афзуданд, ки ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин раванд мо мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дубора эҳё кардем.
«Бо саъю талош ва заҳмату кӯшиши беш аз шашсолаи мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз 6000 – сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мардуми мо – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст»,- изҳор доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат афзуданд, ки бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Дар зарфи сӣ соли гузашта санъаткорону ҳунармандони Тоҷикистон ба даҳҳо кишвари дунё сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъату ҳунари миллии тоҷиконро ба таври арзанда муаррифӣ карданд.
Сарвари давлат дар назди иштирокдорон изҳор намуданд, ки “бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар тӯли сӣ соли соҳибихтиёрӣ барои таъмин намудани пешрафти забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи возеҳи ҳастии миллати тоҷик ва асоси маънавиёту худшиносии тоҷикон корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Қабул гардидани қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ боз як қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ ва боз ҳам тавсеа бахшидани вазифаҳои ҷамъиятии он гардид”.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ эҳтироми мардуми соҳибмаърифати мо ба китобу китобхонӣ мебошад.
«Бамаротиб зиёд гардидани чопи китобҳои нав, бознашри асарҳои мондагори нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, аз ҷумла силсилаи «Ахтарони адаб», инчунин осори адибони номвари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ на танҳо ба рушди забондониву суханронии оммаи васеъ, балки ба густариши худогоҳии миллӣ, тавсеаи ҷаҳони маънавӣ, боз ҳам боло рафтани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, махсусан, насли наврасу ҷавон ва арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Яке аз иқдомоти охирин, ки ҳоло дар ин росто амалӣ гардида истодааст, бо супориши Сарвари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Мо ба хотири ҳифзи мероси ҷовидонаи гузаштагонамон, арзишҳои бостониву ғановатманди миллӣ ва истифодаи онҳо барои пойдории давлату миллатамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мекунем»,-афзуд Сарвари давлат.
Ҳамчунин таъкид намуд, ки мо бо ифтихор аз ҳувияти миллии худ, яъне тоҷикият, таърихи беш аз 6000 – солаи халқамон, забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ, мероси оламшумули ҷовидонаи гузаштагон ва арзишҳои миллиамон онҳоро ҳифз мекунем, эҳтиром мегузорем ва ба наслҳои оянда дар шакли боз ҳам пешрафта ва рушду тақвиятёфта ба мерос мегузорем.
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






