Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикон дар тӯли таърихи беш аз 6000-солаи худ миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд

Сентябрь 8, 2021 13:03

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ  Ховар»/. Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим, яъне дар тӯли таърихи беш аз 6000 – солаи худ соҳиби саводу дониш, девону дафтар, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд.

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт  зикр намуданд.

Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи  мазкур таъкид намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон мо тайи сӣ сол даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор намудем.

Сарвари давлат афзуданд, ки ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин раванд мо мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дубора эҳё кардем.

«Бо саъю талош ва заҳмату кӯшиши беш аз шашсолаи мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз 6000 – сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мардуми мо – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст»,- изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат афзуданд, ки бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Дар зарфи сӣ соли гузашта санъаткорону ҳунармандони Тоҷикистон ба даҳҳо кишвари дунё сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъату ҳунари миллии тоҷиконро ба таври арзанда муаррифӣ карданд.

Сарвари давлат дар назди иштирокдорон изҳор намуданд, ки “бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар тӯли сӣ соли соҳибихтиёрӣ барои таъмин намудани пешрафти забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи возеҳи ҳастии миллати тоҷик ва асоси маънавиёту худшиносии тоҷикон корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Қабул  гардидани қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ боз як қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ ва боз ҳам тавсеа бахшидани вазифаҳои ҷамъиятии он гардид”.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ эҳтироми мардуми соҳибмаърифати мо ба китобу китобхонӣ мебошад.

«Бамаротиб зиёд гардидани чопи китобҳои нав, бознашри асарҳои мондагори нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, аз ҷумла силсилаи «Ахтарони адаб», инчунин осори адибони номвари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ на танҳо ба рушди забондониву суханронии оммаи васеъ, балки ба густариши худогоҳии миллӣ, тавсеаи ҷаҳони маънавӣ, боз ҳам боло рафтани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, махсусан, насли наврасу ҷавон ва арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Яке аз иқдомоти охирин, ки ҳоло дар ин росто амалӣ гардида истодааст, бо супориши Сарвари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Мо ба хотири ҳифзи мероси ҷовидонаи гузаштагонамон, арзишҳои бостониву ғановатманди миллӣ ва истифодаи онҳо барои пойдории давлату миллатамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мекунем»,-афзуд Сарвари давлат.

Ҳамчунин таъкид намуд, ки мо бо ифтихор аз ҳувияти миллии худ, яъне тоҷикият, таърихи беш аз 6000 – солаи халқамон, забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ, мероси оламшумули ҷовидонаи гузаштагон ва арзишҳои миллиамон онҳоро ҳифз мекунем, эҳтиром мегузорем ва ба наслҳои оянда дар шакли боз ҳам пешрафта ва рушду тақвиятёфта ба мерос мегузорем.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2021 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар иншооти ҷашнии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд
Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар Ҳисор сохтмони бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ оғоз ёфт
Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд
«ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР». Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои бачагона оғоз ёфт
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар навсозии Қалъаи Хуҷанд унсурҳои қадима ва миллӣ нигоҳ дошта мешавад
Дар Ҳисор бахшида ба эҷодиёти шоир ва драматурги тоҷик Ҳикмат Раҳмат маҳфили адабӣ баргузор шуд
АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози озмун
Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид