Файзиддин Қаҳҳорзода дар Форуми иқтисодии Узбекистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ дорад

Сентябрь 30, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин Форуми байналмилалии иқтисодӣ, ки дирӯз дар шаҳри Тошканд оғоз ёфт, имрӯз кори худро ба анҷом мерасонад. Мавзӯи форум «Узбекистон: дастовардҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва дурнамои онҳо» мебошад.

Тавре  хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз пойтахти Узбекистон иттилоъ медиҳад, дар ин форум Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иштирок дорад. Беш аз 1300 иқтисоддонҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, намояндагони кишварҳои шарик ва институтҳои байналмилалии молиявӣ барои иштирок дар форум бори аввал сабти ном шудаанд. Миёни иштирокчиён роҳбарони идораҳои давлатии блоки иқтисодии баъзе кишварҳои ҷаҳон, инчунин ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Анна Берде, ноиби президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Чен, ноиби президент ва роҳбари Шӯрои нозирон аз «Rothschild & Co»  Эрик де Ротшилд, собиқ раиси ширкати «Goldman Sachs Asset Management » Джеймс О’Нил,  намояндагони сармоягузорон — Veolia, Coca Cola Icecek, Total Eren, Acwa Power, Masdar, EdF ва бонкҳои  бузург ба мисли  Rothschilds, Lazard, JP Morgan, Citi, SocGen, Raiffeisen Bank, Deutsche Bank, Mizuho, ​​Natixis, Gazprombank, VTB, OTP Bank, TBC Bank, Sovcombank, Expobank ва ғайра ширкат доранд.

«Форум аҳамияти махсус дорад, зеро он дар марҳилаи нави ислоҳот дар кишвари мо баргузор мегардад ва коршиносон аз тамоми ҷаҳон барои баррасии масъалаҳои рӯзнома ҷамъ меоянд»,-гуфт ба хабарнигорон  Вазири рушди иқтисод ва  коҳиши камбизоатии Узбекистон Ҷамшед Кучкаров.

Форуми байналмилалии дурӯза бо ҷаласаи пленарӣ кушода шуд. Муҳокимаи ислоҳоти иқтисодӣ  бо иштироки меҳмонони баландпоя сурат гирифт.  Инчунин дар доираи барномаи кори Форум  ҳайатҳо дар 14 бахш, аз ҷумла дар мавзӯъҳо, ба монанди тағйир додани корхонаҳои давлатӣ ва бонкҳо, хусусигардонӣ, рушди бозори сармоя, лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодии минтақавӣ  табодули назар карданд.

Дар ҳамкорӣ бо  нашрияи бонуфузи  «Financial Times» муҳокимаи  васеъ дар мавзӯи «Озод кардани иқтисодиёт барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ»  ташкил карда шуд, ки он дар платформаҳои онлайнии «Financial Times» мустақиман пахш карда мешавад.

Имрӯз, дар рӯзи дуюми форум, имзои якчанд созишномаҳо ва меморандумҳо дар назар аст. Тавре имрӯз Вазири рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Кучкаров изҳори назар намуд, дар соҳаҳои гуногун  созишномаҳо ва қарзҳо ба маблағи 6,6 миллиард доллар ба имзо мерасанд.

Сентябрь 30, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад