Италия ҳукумати толибонро дар Афғонистон эътироф намекунад

Сентябрь 27, 2021 17:12

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Италия Луиҷи Ди Майо изҳор дошт ки ҳукумати «Толибон»* дар Афғонистон эътироф нахоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз телевизиони «Ал-Ҷазира» гузориш дод.

Ӯ аз давлатҳои хориҷӣ даъват кард, ки аз суқути молиявӣ дар Афғонистон, ки боиси зиёдшавии мавҷи муҳоҷирон мегардад, ҷилавгирӣ намоянд.

«Эътирофи ҳукумати Толибон* ғайриимкон мебошад, зеро дар байни вазирони онҳо 17 нафар террорист аст ва ҳуқуқи инсонии занону духтарон доимо поймол карда мешавад. Равшан аст, ки мо бояд аз суқути Афғонистон ва ҷараёни беназорати муҳоҷират, ки метавонад кишварҳои ҳамсояро ноором созад, пешгирӣ кунем»,-гуфт Ди Майо.

Италия ҳамасола раёсати бистгонаи бузургро бар уҳда дорад ва умедвор аст, ки мизбони нишасти вижа оид ба Афғонистон шавад. Ба гуфтаи Ди Майо, кишварҳои бистгонаи бузург (G20) дар баробари ҳамсояҳои Афғонистон ба мубориза бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи инсон содиқанд.

_________________________________

* Толибон – ташкилоти мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

  ДАР АКС: Луиҷи Ди Майо. Акс: Franco Origlia/Getty Images

Сентябрь 27, 2021 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд