Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Фестивали кинои кишварҳои ИДМ ва Балтика бо номи «Киношок» ба намоиш гузошта мешаванд

Сентябрь 29, 2021 12:22

 ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Филми кӯтоҳи бадеии «Этюд»-и дар киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифташудаи коргардони тоҷик Мӯъмин Қодиров дар 30-юмин Фестивали байналмилалии кушоди кишварҳои ИДМ ва Балтика «Киношок», ки дар шаҳри Анапаи Краснодари минтақаи Русия оғоз шудааст, ба намоиш гузошта мешавад.

Филми «Этюд» соли 2020 дар Душанбе ба навор гирифта шуда, давомнокии он 16 дақиқа аст. Филм дар жанри драмаи варзишӣ ба навор гирифта шудааст. Он дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад.

«Этюд» филми нахустини коргардон Мӯъмин Қодирови 25-сола, хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ба барномаи озмунии фестивал ҳамчунин филми пурраметражи «Охирин сайди сайёд»-и коргардони дигар аз Тоҷикистон Маҳмадрабии Исмоил, ки аз рӯи асари нависанда Аброри Зоҳир ба навор гирифта шудааст, шомил гардидааст. Филм дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадуми қарни гузашта, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба амал омадаанд, нақл мекунад.

Дар маҷмӯъ дар озмуни фестивали «Киношок», ки аз 25 сентябр то 2 октябр баргузор мешавад, 30 филм аз саросари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Фестивали кушоди кинои кишварҳои ИДМ ва кинематографияи миллии «Киношок», ки соли 1992 аз ҷониби актриса Ирина Шевчук, драматург Виктор Мережко, инчунин рӯзноманигор ва мунаққид Сергей Новожилов таъсис ёфтааст, ҳамасола моҳи сентябр дар шаҳри Анапа баргузор мешавад.

Ҳадафи  «Киношок» ҳифзи робитаҳои фарҳангӣ, муттаҳидсозии актёрон ва коргардонҳои рус ва хориҷӣ, муаллифони аслӣ ва ғояҳои аслӣ мебошад. Ва ҳамзамон, вохӯриҳои тамошобинон бо актёрони дӯстдоштаи худ. Мақсади  асосии фестивал- ин муайянсозӣ ва дастгирии касбии нафаронест, ки дар ҳама жанрҳои кинои бадеӣ кор мекунанд.

                       АКСҲО аз «Тоҷикфилм»

Сентябрь 29, 2021 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад