Гуруғлисарои тоҷик Муқимҷон Камолов сазовори ҷоизаи махсуси ҳакамон, мукофоти махсуси пулӣ ва туҳфаҳои қиматбаҳо гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 17 то 21 сентябр дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали дуюми байналмилалии достонсароён баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони маъруфи навъи ҳамосасароӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Урдун, Озарбойҷон, Македония, Мадагасгар, Сербия, Русия (ҷумҳуриҳои Тува ва Ёқутистон) ва Туркия бо барномаҳои ҷолиб иштирок намуданд.
Тавре аз шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тайи се рӯз аъзои ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ба мазмуну мундариҷаи сурудҳои ҳунармандон ва сатҳи ҳифзи мероси қадимии мардумони манотиқи мухталифи олам баҳо гузоштанд.
Шоҳҷоизаи фестивал насиби бахшии ҷавон аз Қароқалпоқистон Ҷонибек Пиёзов гардид, ки воқеан бо сози қадимии Қобиз достони машҳури Алпомишро бо маҳорати баланд иҷро кард.
Гуруғлисарои тоҷик Муқимҷон Камолов сазовори ҷоизаи махсуси аъзои ҳакамон шуда, соҳиби мукофоти махсуси пулӣ ва туҳфаҳои қиматбаҳо гардид.
Дар доираи фестивал ҳамчунин конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, ки дар он олимони Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ ва Кароматулло Раҳимзода иштирок намуданд.
АКСҲО: шуъбаи санъатшиносии АМИТ










Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






