Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттиллои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастҷамъии СААД мубодилаи афкор менамоянд ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 18 феврали соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, муҳокима хоҳанд кард.
Аз сӯи ҷонибҳо маълумоти Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи ҷараёни омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати Арманистон дар Созмон шунида хоҳад шуд.
Дар натиҷаи ҷаласаи муштарак қабули беш аз 20 қарор ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷоми ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) изҳороти матбуотӣ бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабири кулли СААД баргузор мегардад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд






