Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

Сентябрь 17, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ин чорабинии бонуфуз.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд. Дар  нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.

Дар ҷараёни нишасти ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд. Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ баҳри рафъи оқибатҳои буҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул кунанд.

Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор  қабул хоҳанд кард.

Дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ Суруди Созмон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидааст, садо медиҳад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид