Ҳизбиёни ноҳияи Темурмалик соҳиби бинои корӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ноҳияи Темурмалик бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ифтитоҳи бинои мазкур муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аз ду ошёна, 6 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, он чун туҳфаи идона дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. То имрӯз кормандони кумитаи мазкур дар бинои ҷамоати шаҳраки Баҳманруд як утоқи кориро иҷора гирифта, фаъолият мебурданд. Акнун онҳо дар бинои нави дорои шароити муосир фаъолият хоҳанд кард.
Тавре ки раиси Кумитаи иҷроияи мазкур Маҳмадсаид Раҷабзода гуфт, бино аслан бо саҳми аъзои фаъоли ҲХДТ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.
То имрӯз танҳо 5 кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар биноҳои маъмурии худӣ фаъолият надоштанд, ки ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Панҷ, Темурмалик ва Данғара аз ҳамин ҷумлаанд. Акнун истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳизбиёни вилоят боз ҳам хотирмон хоҳад гашт, зеро дар ин сол мушкили норасоии биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ пурра бартараф хоҳад гашт.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ҳамин рӯз- 22 сентябр бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор гирифта буд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






