Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то имрӯз зиёда аз 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар майдони 5950 гектар кишти пунбадона гузаронида, аз ҳосили рӯйида то имрӯз зиёда аз 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Кишоварзони ноҳия имсол дар асоси истифодаи босамари омилҳои агротехникӣ, захираҳои дохилӣ ва маслиҳати мутахассисон кишти пунбадона гузарониданд, ки нашъунамои ниҳолҳои пахта мувофиқи талабот мебошад.
Ба гуфти масъули кишоварзии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта дар тамоми ҷамоатҳо мувофиқ ба талабори рўз аст. Агар кор бо чунин суръати баланд идома ёбад, нақшаи дурнамо пеш аз муҳлат ба иҷро мерасад.
Ҳадафи деҳқонони ғайратманди ноҳия он аст, ки ҳосили дар саҳро шукуфтаро дар ҳамин рӯзҳои гарму мусоид беталаф ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокии заминҳоро нисбат ба солҳои гузашта баланд бардоранд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






